Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Санаи 4 июни соли равон дар  ҳудуди раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд  бахшида ба  Рӯзи  байналмилалии муҳити зист маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар он муовини Раиси вилояти Суғд Р.Каримзода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Х.Бобозода, мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд С.Акбаров ва намояндагони соҳаи кишоварзӣ, аз он ҷумла Идораи пилла ва Кумитаи идораи замини вилоят, кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорони соҳа ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Сараввал пеш аз оғози чорабиӣи муовини раиси вилоят Р.Каримзода ва дигар меҳмонон аз китобхонаи Раёсат, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудааст, дидан намуданд.

Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. маҷлиси тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо санаи экологӣ табрику муборакбод намуд. Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Р.Каримзода табрикоти Раиси вилоятро ба самъи ҳозирин расонида, ба ҳамаи кормандони соҳа ва дӯстдорони табиат, ки дар беҳдошти муҳити зист саҳм мегузоранд, пирӯзиву бурдборӣ  орзу кард. 

    Рафти маҷлис барои ноил шудан ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист, мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ ва бахшида Рӯзи байналмилалии муҳити зист ба 6 нафар кормандон сипосномаи Раиси вилоят, ба 3 нафар сипосномаи Раиси Кумита, ба 14 нафар кормандони мақомот ва шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд сипоснома ва тӯҳфаҳои сардори Раёсат супорида шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/tj/news/574-tajliliruzieco05062020.html#sigProGalleriac9ebab534c
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.