Аксияи “Риояи тозагии муҳити зист асосии саломатии ҷомеа”

 Дар партави дастури  Ситоди вилоятии COVID-19 оид ба гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам, хоса бозору мавзеъҳои истироҳатӣ  санаи 24 июни соли равон  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд якҷоя бо  Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзеъи истироҳатии  “Соҳил“-и шаҳри Гулистон  аксия таҳту унвони  “Риояи тозагии муҳити зист асосии саломатии ҷомеа” баргузор намуд. Дар аксия беш аз 40-нафар ҷавонони ташкилоти ҷамъятии“Созандагони Ватан”,  кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят ва  Ситоди вилоятии ковид-19 , ВАО ширкат намуданд.  Раиси   КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  Муслима Ҷамолиён  аксияро ифтитоҳ намуда кайд намуданд, ки мақсади гузаронидани аксия пеш аз ҳама риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ барои пешгирии бемории COVID-19инчунин риояи тозагии  муҳити зист мебошад.

     Сипас муовини КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода иштирокчиёнро бо ҷашни Иди Ваҳдати миллӣ табрик намуда қайд намуд, ки  Ваҳдат  ин сарҷамъиву муттаҳидӣ ва ҳамдимгарфаҳмии мардум буда, имрӯз мубориза бар зидди бемории  сироятии COVID-19 низ ҳамдастиву  Ваҳдат ҳар яки мову шусоро талаб мекунад. Мо бояд имрӯз ҳамдигарфаҳм, таҳаммулпазир бошем, нисбати саломатии ҷомеа бетараф набуда, мардумро барои риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ даъват намоем ва якҷоя бар зидди ин бемори ғолиб бароем.   Сипас ҷавонон — Волонтёрон  ба истироҳаткунандагон варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/tj/news/597-aksiyartm072020.html#sigProGalleria310021fd3e
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.