Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар истироҳатгоҳҳои «Искандаркӯл» ва «Аловиддин»-и ноҳияи Айнӣ

Баҳри иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳавои тоза ба истироҳаткунандагон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар минтақаҳои истироҳатгоҳҳои «Искандаркӯл» ва «Аловиддин»-и ноҳияи Айнӣ  санаи 4 июли соли равон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва иштироки 883 нафар аҳолии ҷомеаи меҳнатии ҷамоатҳои деҳоти Фондарё, Анзоб, Зарафшон аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия ҷуйборҳо ба масофаи 3 км, каналҳо – 5 км ва сойҳо - 4 км аз партов тоза карда шуда, 8,4 тн партовҳо бароварда шуд.

     Икдоми мазкур барои муаррифии минтақаҳои сайёҳии кишвар дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ мусоидат менамояд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/tj/news/600-aksiyatmayni072020.html#sigProGalleria30941adb74
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.