Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии ҷавонон аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ дар деҳаҳои Оббурдон, Дашт, Пастигав ва Виткон вохӯрӣ бо ҷавонон доир гардид. Зимни вохӯрӣ бо ҷавонон доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ, масъалаи партов, ки имрӯз яке аз масъалаҳои актуалӣ ба ҳисоб меравад, ҳифз ва истифодаи сарфакоронаи неъматҳои нотакрори табиати диёр қайд карда шуд.
Ҳамчунин баҳри иҷрои барқияи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз 2.07.2020, № 64 (14.17) дар мавриди пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла селу обхезиҳо ва фаромадани тармаву ярч дар маҳалли зист корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.
Шарҳ додан