Ҳангоми сӯзонидани пакетҳои полиэтиленӣ газҳои заҳрнок ҷудо шуда, боиси олудашавии табиат ва таъсири манфӣ ба саломатии инсон мегардад. Аз 4/1 ҳиссаи сатҳи уқёнусҳо бо партовҳои полиэтиленӣ пӯшонида шудааст. Ин далел ба нобудшавии ҳайвоноти уқёнусу баҳрҳо ишора мекунад. Пакетҳои полиэтиленӣ ҳамасола боиси марги қариб 1 миллион парандаҳои баҳрӣ, 100 ҳазор ҳайвоноти ширхӯри баҳрӣ ва шумораи беҳудуди моҳиҳо мегарданд. Пакетҳои полиэтиленӣ таркиби хокро вайрон намуда, танҳо дар давоми аз 100 то 500 сол дар натиҷаи вайроншавии таркиби хок ва обҳои зеризаминӣ таҷзия мешаванд. Аҳолии наздики 50 кишварҳои дунё бо дарки зарари бесобиқаи пакетҳои полиэтиленӣ ба муҳити зист, аз истифодаи маводҳои полиэтиленӣ даст кашиданд.
Дар Тоҷикистон имрӯзҳо пакетҳои полиэтиленӣ бемаҳдудият истифода бурда мешавад. Соли 2019 дар ҳамкории якҷояи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОSCE) дар роҳҳои калони мошингарди шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва ноҳияи Рашт овезаҳо таҳти унвони “Аз истифодаи маводҳои пластикӣ худдорӣ намоед” насб гардид. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин қадамҳо метавонад миёни табиатдӯстдорон ва онҳое, ки баҳри саломатии худ ва солимии муҳити зист бетараф нестанд, ҷонибдорони зиёд пайдо намояд.
Дар хотир дошта бошед!
Бо даст кашидан аз истифодаи пакетҳои полиэтиленӣ шумо метавонед дар солимии муҳити зисти Ватан ва наҷоти табиат саҳми худро гузоред!!!