Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июн дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки ситораҳои санъати вилоят консерти идона баргузор гардид.
Бо суханони табрикӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фирдавс Абдуллозода, Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темур Нӯмонзода баромад намуданд.
Пас аз қисми расмии барнома консерти идона бо иштироки ситораҳои санъати вилоят идома ёфт.
Шарҳ додан