Фаъолияти солонаи мақомот чамъбаст гардид

 Санаи 6 январи соли 2021 дар толори маркази бозомўзӣ дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири бахши кишоварзӣ Акбаров С., муовини сардори раёсат Абдумаликзода Б., сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо тибқи даъват иштирок доштанд.

    Дар ҷаласа маърӯзаи муовини сардори раёсат Абдумаликзода Б. «Дар бораи фаъолияти кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда то ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2021» шунида ва муҳокима карда шуд. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи ҳамаи сардорони шуъбаҳои раёсат шунида шу два аз тарафи муовини сардори раёсат ба камбудиҳои ҷойдошта таъкид гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби намояндаи мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо барои беҳтар намудани назорати ҳолати мелиоративии замин, хати муҳофизати ҷангал, дарахтҳои хушкшуда ва партовҳои қадди роҳ, партовҳои бесоҳиб ва дигар масъалаҳои ба беҳбудии муҳити зист мусоидаткунанда дастуру супориш дода шуд.  Дар охири ҷаласаи қарори дахлдор бо назардошти пешниҳоду супоришҳои додашуда қабул гардид.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/tj/news/758-jalasai-solona122021.html#sigProGalleriaf527208478
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.