Дар шаҳри Исфара бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва пешгирии ифлос гардидани оби дарёи Исфара, ҳамчунин тоза ногоҳ доштани соҳили он бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо сохтори ҷавонон ва бо иштироки донишҷўёну омўзгорони Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, дар маҷмуъ 250 нафар аксияи «Тозагии соҳил»-ро баргузор намуд. Дар рафти аксия минтақаҳои соҳили ду тарафи дарёи Исфара, ки аз ҳудуд ва маркази шаҳр мегузарад, 1,5 километр ду тарафи соҳил аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд. Ба иштирокчиёни аксия халтаҳои полиэтиленӣ барои партовҷамъкунӣ дастрас гардида, ҳамагӣ 5 метри мукааб партовҳо бо воситаи 2 адад техникаи махсуси партовкашон ба партовгоҳ бароварда шуд.
Боиси қайд мебошад, ки тибқи барқияи Раёсати ҳифзи муҳити зист дар 7 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Тибқи маълумот дар чорабинии мазкур ҳамагӣ, 1127 нафар шаҳрвандон иштирок карда, дар натиҷа 22,7 километр соҳили манбаъҳои обӣ аз партовҳо тоза гардид. Ҳамзамон, беш аз 23,1 метри мукааб партовҳо бо воситаи 9 адад техникаи махсус ба партовгоҳҳои хоҷагиҳои манзили комуналии шаҳру ноҳияҳо бароварда шуд. Минбаъд, бо мусоид омадани обу ҳаво дар боқимонда шаҳру ноҳияҳо аксияи мазкур гузаронида мешавад.