Санаи 17 феврали соли 2021 дар бинои Кумитаи идораи замини вилояти Суғд тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи идораи замин ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Ризқофарин», «Паёми Суғд», «Согдийская правда», маҷаллаи «Кайҳон», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Озодӣ», «Фараж», телевизионҳои шабакаи «Тоҷикистон», ШТР «Азия», «7 Ситора», «Танин», ТВ Суғд, дар маҷмӯъ зиёда 20 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар соли 2020 дастрас гардид.
Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба бартарии дарахтони ҳамешасабзу сояафкан аз дарахтоне, ки аз хориҷи кишвар ворид менамоянд, нисбати ҷаримаҳои татбиқгардида дар соли гузашта, назорат ва ҳифзи дарахтони таърихӣ, аз он ҷумла дарахти тут дар маҳаллаи «Тути калон»-и ш.Хуҷанд, таъсири корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ ба аҳолӣ ва беморхонаи №1 н.Б.Ғафуров ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Нисбати маълумотҳои рӯзноманигорон оид ба масъалаҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист вобастагӣ доранд, нозирони Раёсат корбарӣ менамоянд.