Санаи 8 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон мувофиқи фармоиши сардори Раёсат, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, татбиқи дурусти қонунгузории соҳавӣ ва тарбияи кадрҳо семинари бозомӯзӣ бо иштироки сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳа гузаронида шуд.
Мувофиқи барнома дар семинари мазкур моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷишҳои субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав, ки аз 1 июли соли равон мавриди амал қарор гирифт, баррасӣ карда шуд. Дар семинари мазкур сармутахассис оид ба ҳуқуқи Раёсат баромад намуда, қайд кард, ки Қонуни мазкур муносибатҳои санҷишии мақомотҳои санҷишкунандаро дар фаъолияти субъектони хоҷагидор ба танзим медарорад.
Дар рафти семинар байни маърӯзачӣ ва иштирокчиён музокира сурат гирифт. Иштирокчиёни семинар ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва амалӣ гардидани Қонуни мазкурро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.