Ҳамаи Шумоёнро бо арзи эҳтирому самимияти афзун ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр табрик ва муборакбод намуда, зиндагии босаодат, файзу баракати рўзгор ва зеботарин сарнавиштро орзу менамоям. Шукрона мегўем, ки бо шарофати Истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ватани азизамон суннатҳои мардумӣ ва мазҳабии худро озодона таҳлилу риоя менамоем. Иди саиди Фитр яке аз суннатҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусулмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти ойини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор рафта, аз баракати истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо таҷлил мегардад. Бори дигар ҳар яки шумо ва аҳли оилаву пайвандонатонро ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр табрик гуфта, бароятон саломатӣ, сулҳу амонӣ, бахту саодатро таманно менамоям.