Озмуни ноҳиявии «Сабз бодо кишварам» дар ноҳияи Деваштич бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф ҷамъбаст карда шуд. Дар озмун хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ аз рӯи 6 номинатсия: «Расми беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин», «Кори меъмории беҳтарин» маводҳои худро пешниҳод намуданд. Барои гирифтани ҷойҳои намоён 11 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 7, 10, 16, 38, 53, гимназияи № 1 ва маркази таҳсилоти иловагии ноҳия бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Озмуни «Сабз бодо кишварам» дар асоси фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд гузаронида шуда, ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист – 5 июн бахшида шудааст.