Тибқи нақшаи корӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва зерсохтори он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шудааст. Дар рафти амалиёт якҷоя бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 47 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба Бозрасии давлатии автомобилии шаҳру ноҳия ирсол гардид.
Баргузории амалиёти санҷиши аналитикии воситаҳои нақлиёт дар ноҳияи Б.Ғафуров
Шарҳ додан