Санаи 4 августи соли равон дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони «Ояндаи бидуни пластикӣ» баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки таъсири партовҳои пластикӣ ба муҳити зист ҳамчун муаммои экологии даҳсолаи охир дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар айни замон характери глобалӣ пайдо кардааст. Мизи мудаввари мазкурро намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Сафи» баргузор намуданд ва тибқи даъват намояндагони як қатор ташкилоти ҷамъиятӣ, ҷамъияти маъюбон ва мағозаҳои калони хўроквории шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров, коргоҳи коркарди дуюмбораи партовҳои пластикӣ ҶДММ «Тоҷпет», васоити ахбори омма, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар ташкилоти ба амалӣ гардидани лоиҳа ҷалбшуда ҳузур доштанд. Дар рафти чорабинӣ муҳокимаи қадамҳои иваз кардани халтаҳои полиэтиленӣ ба халтаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дастгирии истеҳсолоти хурд барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, таъсири партовҳои пластикӣ ба муҳити зист, аҳамияти коркарди такрории партовҳои пластикӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба бехатарӣ ва амнияти экологии инсон, беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии муҳити зист бахшида шудааст, амалӣ гардид. Боиси қайд аст, ки чорабиниҳои мазкур ва минбаъда дар доираи лоиҳа гузаронида шуда, аз тарафи Барномаи грантҳои хурди Фонди глобалии экологӣ ва Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон боиси қайд аст, ки чорабиниҳои мазкур яке аз роҳҳои иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» буда, дар рафти қисми муҳокимаи маърўзаҳои мизи мудаввар масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва рушди тарбияи наврасону ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.