Санаи 22 июли соли 2021, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зист оид ба натичаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Сухани халқ», «Суғд ҳақиқатӣ», «Согдийская правда», «Ризқофарин», «Меҳри замин», «Саломат бошед», «Нилуфар», «Лочин», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Суғднюс», «Спутник», радиои «Озодӣ», намояндагони телевизионҳои «Сафина», «Баҳористон», ТВ Суғд, ШТР «Азия», «СМ-1» ва «Диёр», дар маҷмўъ 26 нафар намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нимсолаи якуми соли 2021 ва дигар маводи иттилоотӣ дастрас гардид. Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба санҷишҳои дар корхонаҳои саноатӣ гузаронида ва чораҳои андешидашуда, амалҳои ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳолати парваришгоҳи раёсат дар ноҳияи Шаҳристон, дар бораи пешниҳоди маблағи зарар, парвариши хук дар ноҳияи Ҷ.Расулов, сабаби хушкшавии дарахтон, хусусиятҳои дарахти магнолия, натиҷаи ҳодисаи худкушӣ дар шаҳри Конибодом, ҳолати нигоҳ доштани лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям, дарёфт намудани манбаи бӯи ғализ дар маҳаллаҳои 3, 8, 12, 13, 14 ва 15, ки қариб давоми ду соли охир аҳолиро ба ташвиш овардааст, пешгирии ифлосшавии манбаҳои обӣ, муҳити зист ва дигар масъалахои ташвишовар дар самти ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти нимсола
Шарҳ додан