Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва бартараф намудани партовҳои бесоҳиб, аз ҷониби нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан амалиётҳои шабонарӯзӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёт дар қадди роҳи Истаравшан – Ниҷонӣ партовҳои бесоҳиб ошкор гардида, аз дохили партов ҳуҷҷатҳо ба номи шаҳрванд Исломов Обид - сокини деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан дарёфт гардид.Нисбати Исломов О. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷарима ба маблағи 600 сомонӣ баста шуд. Ғайр аз ин бо пешниҳоди бахши ҳифзи муҳити зист аз тарафи шаҳрванд Исломов О. ҳамаи партовҳои партофташуда бартараф карда шуд. Ҳамчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳр аксияи «Тозагии роҳ» баргузор гардида, дар натиҷа 7 км ду тарафи қадди роҳи кӯчаҳои протоколӣ, аз он ҷумла ҷӯйборҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Дар баробари ин корҳои сафед кардани танаи дарахтон ва нарм намудани замини он гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, дар рафти аксия беш аз 250 нафар иштирок дошта, 12 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб ва гузаронидани аксияи “Тозагии роҳ” дар шаҳри Истаравшан
Шарҳ додан