Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо дар асоси сохтори Раёсат, ки бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд №16 аз 16.02.2012 тасдиқ шудааст, таъсис ёфтааст.
- шуъба ҷузъи таркибии Раёсат буда, сиёсати ягонаи экологиро оид ба истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо назорати давлатиро дар вилоят пеш мебарад.
- шуъба ваколатҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои Раёсат ва шӯъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо амалӣ месозад.
- шўъба фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муьити зист», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Раёсат ва низомномаи мазкур амалӣ менамояд.