Натиҷаҳои фаъолият ҷамъбаст гардид

Санаи 3.10.2019 дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон бо иштироки мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят С.Акбаров, и.в.сардори раёсат Б.Абдумаликзода, сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи раёсат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нўҳмоҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа як масъала баррасӣ гардид - натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳои минбаъда то ҷамъбасти сол. Ҳангоми пурсиш аз зерсохторҳо таваҷҷўҳи бештар ба масъалаҳои рафти иҷрои "Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019", партовҳои бесоҳиб, қарзи ҳисаҷудокунии 20%-и зерсохторҳо ба кумита ва раёсат, аз он чумла ба бучет, низоми иҷозатдиҳӣ ба объектҳо, ҳолати мелиоративии замин, санҷишҳои нақшавӣ, истихроҷи ғайриқонунии шағал, назорати ҳифзи захираҳои моҳӣ, объектҳои экспертизашавандаи чашнӣ, барқарор намудани хати муҳофизатии ҷангал, иншоотҳои партов обтозакунӣ, назорати сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда, буриши дарахтони бисёрсола, ҳолати партовгоҳҳо, масъалаҳои кадрӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дигар вазифаҳое, ки бояд ичро мегардид, додашуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ашт

    Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баҳри ободу тоза нигоҳ доштани маҳалли зист, санаи 27.09.2019 дар ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» - ро баргузор намуд. Дар чорабинӣ беш аз 1,2 ҳазор нафар намояндагони ташкилоту муассиса ва ҳамчунин аҳолӣ иштирок карда, бо тоза намудани минтақа аз партовҳои маишӣ машғул шуданд. Дар натиҷа 3 тонн партовҳо ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

Ифтитоҳи расмии КШН «М&Р»

Санаи 28 сентябри соли 2019 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ифтитоҳи расмии Клуби шохмотбозони навраси «Ману меҳр ва Рустам» («М&Р») баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода С., раиси Ҳизби Аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Р., намояндагон аз МИҲД вилояти Суғд, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Боиси қайд аст, ки Клуби шохмотбозони наврас аз ҷониби Мунъимҷон Абдусамадов ташкил ва кушода шудааст, ки ҳамзамон он кас сарвари Клуби мазкур мебошанд. Солҳои тўлонӣ, то ба нафақа рафтан Абдусамадов М. дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об фаъолият карда, ҳамчун олим саҳми босазо гузоштаанд.

Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Деваштич

Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба идҳои давлатии миллӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои «1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда истодааст.

    Дар давоми ҳафтаҳои охири моҳи сентябр дар ҷамоати шаҳраку деҳоти Ғончӣ, Ғазантарак, Яхтан ва Муҷун ҳашару шанбегиҳо, аз он чумла аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид, ки дар чорабиниҳои мазкур 950 нафар аҳолӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа ба ғайр аз тоза намудани минтақаҳо аз партов, ҳамчунин 1,2 км роҳҳо сафолакпўш ва 2,5 ҳазор метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ ташкил ва иҷро карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.