«Дар маърифатнокии экологии наврасон фаъол бояд буд»

Баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии наврасон,дар қалби онҳо ташаккул додани муносибати эҳтиёткорона ва ғамхорона нисбат ба табиат, дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дирӯз дар истироҳатгоҳи тобистонаи бачагонаи “Эделвейс”-и н.Шаҳристон корманди бахши ҳифзи муҳити зисти н.Шаҳристон бо истироҳаткунандагон – наврасон ва мураббиёни онҳо вохӯрӣ ташкил намуд.

Ба наврасони истироҳатгоҳ, ки аксарият хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва берун аз он мебошанд, оиди ҳифз ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, гузоштани саҳми арзанда дар беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа, махсусан дар ноҳияи Шаҳристон, ки яке аз минтақаҳои туристӣ маҳсуб меёбад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Баргузории амалиёти «Кукнор - 2019» дар вилояти Суғд

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кўкнор - 2019» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2019, №6172(31-6) ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни 2019, №51 бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 24 июни 2019, №57 «Дар бораи амалиёти «Кўкнор-2019» ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кори ситоди идоравӣ тасдиқ карда шудааст.

Ҷамъбасти чорабиниҳо оид ба манъи сайди моҳӣ

Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиии моҳиҳо ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмгузории моҳиҳо, аз 1 апрел то 15 июни соли ҷорӣ сайди моҳӣ дар ҳавзаи дарёи Сир, обанборҳо, дарёҳо, сойҳо ва кӯлҳои дар ҳудуди вилояти Суғд воқеъ буда аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеъӣ, новобаста аз шакли моликияту тартиби идоракунии онҳо  манъ гардида буд.

Аз тарафи гуруҳҳои фаврӣ дар тамоми ҳудуди обанборҳои ҳавзаи Сирдарё аз қисми болооби обанбори “Баҳри Тоҷик” то НБО -и Фарҳод, вокзалҳои автомобилгарду роҳи оҳан, бозорҳо, нуқтаҳои пухту пази маҳсулоти моҳигии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бустон, Ашт, Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен, Исфара зери назорат гирифта шуд. Аз тарафи нозирони Раёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо 104 адад амрнома дода шуда, 139 маротиба амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ 80 санадҳои азназаргузаронӣ, нисбати қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 38 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин 7 адад маводҳо тартиб дода шуда ба мақомоти прокуратура ва суд дар маҳал супорида шудааст.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ш.Исфара

Баҳри таъмини нақша чорабиниҳо ва омодагӣ ба ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ш.Исфара  ҷамоати деҳоти Шаҳрак маҳаллаи Моҳпарӣ бо иштироки сокинони маҳалла ва кормандони беморхонаи марказии ш.Исфара аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

    Дар рафти аксия ду тарафи ҳамшафати шоҳроҳи «Абрешим» зиёда аз 6 км аз партовҳои бесоҳиб тоза карда шуда, ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.