Ишғоли ҷойи намоёни аъзои «Нозирони Сабз» аз шаҳри Истаравшан дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни волонтёрон

 Яке аз аъзоёни «Нозирони Сабз»-и шаҳри Истаравшан Маҳмудӣ Меҳрафрӯз ҳамчун волонтёри содиқу вафодор, пайравони асили Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар озмуни ҷумҳуриявии «Волонтёрӣ ба ман чӣ дод?» иштирок намуда, мақоми сеюмро ишғол намуд. Паи ду сол аст, ки Маҳмудӣ М. аъзои раванди «Нозирони Сабз»-и шаҳри Истаравшан буда, дар ҳама чорабиниҳои вилоятиву шаҳрӣ фаъолона иштирок менамояд. Ӯ дар олимпиадаи шаҳрӣ аз фанни физика низ ҷои аввалро ишғол намуда, инчунин дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», дар даври шаҳрӣ ҷои сеюмро аз рӯи номинатсияи «Физикаи типи нав» ишғол намудааст. Минбаъд, мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф». Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд барои васеъ гардидани доираи аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз», аз он ҷумла волонтёрон бо муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам корбарӣ менамоянд.

 

Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ифтихори мост!» дар ноҳияи Зафаробод

  Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ, бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод, мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ифтихори мост!» ташкил ва баргузор намуданд. Дар аксияи мазкур аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва аъзоёни гурӯҳи «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Зафаробод иштирок дошта, он ба эълон гардидани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бахшида шуд. Дар ҷараёни чорабинии мазкур, масъулин оид ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба иштирокчиёни аксия варақаҳои иттилоотӣ тақдим намуданд.

2 феврал - Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ

  Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб ҳамасола санаи 2 феврал бо мақсади аҳамият ба ин экосистемаҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад. Заминҳои обию ботлоқӣ барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳим дошта, ҷиҳати тоза кардани об, коҳиш ёфтани таъсири оқибатҳои обхезӣ, ҷабб кардани гази карбон мусоидат менамоянд ва манзили намудҳои гуногунии биологӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, дар тӯли 50 соли охир аз сабаби хушкшавӣ, ифлосшавӣ ва тағирёбии иқлим, тибқи маълумот беш аз 35 фоизи ин минтақаҳо аз байн рафтаанд. Бе оби тоза мавҷудияти инсон ғайриимкон буда, ин мавзеҳо манбаи муҳимтарини он ҳастанд. Аз ҳаҷми умумӣ 2,5 фоизи оби сайёра ҳамчун оби тоза ба ҳисоб рафта, танҳо 1 фоизаш барои истифодаи инсоният дастрас мебошад. Бо ҳамин ва дигар сабабҳо мавзеъҳои обию ботлоқӣ ва беҳбудии инсон алоқамандӣ дошта, моро водор месозад, ки ин мавзеъҳоро  қадр ва ҳифз  намоем. Ҳангоме, ки дар боло қайд гардид мавзеъҳои обию ботлоқӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва муқовимат бо тағирёбии иқлим муҳиманд.

Иштироки Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Иди Сада

  Санаи 30 январ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҷашни Иди Сада дар баробари дигар сохтору ташкилотҳо кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят фаъолона иштирок доштанд. Дар ярмарка фурӯш аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист ниҳолҳои дарахтони нодиру ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо ба монанди санавбар, сарви аризонӣ, сарвинози тиллоӣ дар кӯза, коҷи кабуд, шамшоди калон, палма, магнолия, булут, каштани калон, каталпаи зебо, чинор, булут, сада, бирючинаи ҷилодор, юкка, коҷи кабуд,гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои мевадиҳанда олуча, зардолу, олу, олучаи куҳӣ ба намоиш гузошта шуд. Тибқи талабот ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳо бо шиору овезаҳо ва зарфҳои махсус оро дода шуда, номгӯи ҳар яки онҳо бо навиштаҷот гузошта шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.