Аксияи экологӣ дар шаҳри Гулистон

  Бо ташаббуси кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр новобаста аз обу ҳаво аксияи экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксияи мазкур бо мақсади тоза намудани нуқтаҳои ҷойгиронии муваққатии партовҳо ва гирду атрофи онҳо ташкил гардид. Дар натиҷа бо истифода аз техникаи махсуси партовкашон 15 адад чунин нуқтаҳо бо пуррагӣ аз партовҳои истеъмолӣ тоза гардид ва ба партовгоҳи шаҳрӣ 30 метри мукааб партовҳо интиқол дода шуд.  Барои минбаъд, мунтазам тоза нигоҳ доштани ҷойҳои расмии партовҷамъкунии дар маҳаллаҳои аҳолинишин ҷойгиршуда, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон ба корхонаи манзилию коммуналӣ пешниҳодҳо дода шудааст.

11 декабр Рӯзи байналмилалии кӯҳистон таҷлил мегардад

  Дар моҳи январи соли 2003 бо қарори 57-умин Маҷмаи Умумии СММ санаи 11 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯҳистон таъсис ёфта, таҷлил карда мешавад. Рӯзи байналмилалии кӯҳистон соли 1992 бо қабули Рӯзномаи 21 аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд таъсис дода шуд, ки боби 13-и он «Идоракунии экосистемаҳои осебпазир: рушди устувори кӯҳистон» дар таърихи рушди кӯҳҳо марҳалаи муҳимтарин буд. Кӯҳҳо тақрибан чоряки сатҳи замини ҷаҳонро ишғол мекунанд, дар ҳаракати ҷаҳони мо ба сӯи рушди устувори иқтисодӣ нақши муҳим мебозанд ва дар куҳҳо 15% аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо на танҳо манбаи зиндагӣ ва некӯаҳволии қариб як миллиарду сад миллион нафар аҳолии минтақаҳои кӯҳистонро таъмин мекунанд, балки бавосита ба миллиардҳо нафаре, ки дар доманакӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, нафъ мебинанд. Ва албатта, фаромуш кардан лозим нест, ки куҳҳо мамнуъгохи бисёр навъҳои набототу ҳайвонот, манбаи оби ҳамаи дарёҳои асосии кураи замин мебошанд. Мақсад аз ин рӯз табрик кардани ҳама «дахлдорон» набуда, балки ҳифзи сарватҳои табиии ҷаҳон, дастгирии сокинони бумии манотиқи кӯҳистонӣ, баланд бардоштани огоҳии мардум аз мушкилот ва аҳамияти кӯҳҳо мебошад. Аксари чорабиниҳои идона дар кишварҳои узви СММ баргузор мешаванд.

Гузаронидани пурсиши сотсиологӣ

  Бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши аҳолӣ нисбат ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва муайян намудани сатҳи фарҳанги экологӣ пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд. Барои гузаронидани пурсиш Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд интихоб гардида, моњи феврали соли 2023 бо ташаббуси сарраёсат дар толори марказ бо муовинон ва масъулини равияи «Табиатдӯстон»-и муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор гардида буд, ки дар рафти он оид ба дуруст таҳия намудани ҳисоботи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва гузаронидани пурсиши сотсиологӣ корҳои фаҳмонидадиҳию омӯзишӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа байни омӯзгорони Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Гулистон, Бӯстон (ҷ/ш Палос), Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Шаҳристон, Ашт ва Спитамен пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд.

Вохӯрии гурӯҳи кории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров бо аъзоёни «Клуби экологӣ»-и донишкада

  Бо мақсади таҳкими ҳамкории гурӯҳикории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуровва аъзоёни «Клуби экологӣ»-и кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои бехатарии экологӣ дар толори донишкада вохӯрӣ баргузор гардид. Соли дуюм аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» таъсиси гурӯҳи корӣҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати деҳоти мазкур амалӣ гардида, то айни ҳол як қатор чорабинӣ ва вохӯриҳо гузаронида шуданд. Бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» гузаронидани вохӯрии навбатӣ дар донишкада дар он буд, ки аз як тараф шиносоӣ ва ҳамкорӣ пайдо намудани гурӯҳикорииҷамоати деҳоти Ғозиён бо «Клуби экологӣ»-иДонишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, аз дигар тараф ҷалби донишҷӯён, аъзоёни «Клуби экологӣ» ба масъалаҳои экологии ҷамоати деҳот ва ноҳия, ки дар навбати худ барои баланд бардоштани донишу маърифати экологии онҳо саҳм мегузорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.