Вохӯрӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент

 Дар маркази бозомўзии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мутахассисон бо намояндагони ҷамоати деҳот ва кумитаҳои маҳалла вохўрӣ баргузор намуданд. Ҳангоми сухан ва баромад ба иштирокчиён дар бораи санаҳои муҳими экологӣ, аз он ҷумла санаи 11 декабр - Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо, қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар маълумоти бобати пешгирии қонунвайронкунӣ пешниҳод гардид. Дар охири вохўрӣ саволу ҷавоб ба амал омада, ба ҳамаи онҳо маълумоти мушаххас пешниҳод карда шуд. Чунин вохўриҳо бо намояндагони дигар ҷамоату деҳот низ минбаъд мунтазам гузаронида мешавад.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод

  Баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани маръраки кабулизоркунӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони корхонаю муассиса ва ташкилот дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зафаробод маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар маъракаи мазкур беш аз 90 нафар иштирок карда, зиёда аз 200 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасбз шинонида шуд.

Вохӯрӣ дар гимназия бахшида ба санаи экологӣ

 Дар шаҳри Гулистон бахшида ба санаи 11 декабр – Рўзи байналмилалии кўҳҳо аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар гимназияи №1 вохӯрии хонандагон бо корманди бахш ташкил гардид. Дар рафти вохўрӣ дар бораи ҳадафи эълон гардидани ин санаи экологӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист сухан карда шуд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки баргузории чунин вохўриҳо барои баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии насли наврас, ҷавонон мусоидат менамояд.

Аксияи “Тозагии маҳал” дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади тоза намудани қадди роҳи асосии шаҳр аз партовҳо ва хусусан баргҳои хушк ва хазон, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар рафти аксия зиёда аз 120 нафар намояндагони корхонаю ташкилот ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти чорабинӣ 3 км ду тарафи роҳи асосии шаҳр тоза гардида, 4,2 метри мукааб партовҳо бо воситаи техникаҳои махсус бароварда, ба партовгоҳи шаҳри ҷойгиронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.