Аксияи “Тозагии соҳил”

  Бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бо иштироки омўзгорону донишҷўёни МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, муассисаҳои литсейи касби политехникӣ, литсейи касбии техникӣ ва коледҷи тибби шаҳри Хуҷанд санаи 5 декабри соли ҷорӣ дар соҳили дарёи Сир аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ 450 нафар иштирок намуда,  2,0 км соҳили дарёи Сирро аз ҳаргуна партовҳо тоза намуданд. Дар натиља 5,5 м3 партовҳо бо воситаи 3 адад техникаҳои махсус бароварда, ба партовгоҳи шаҳри ҷойгиронида шуд.

Вохӯрӣ бо хонандагон дар шаҳри Панҷакент

   Бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотӣ, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф", баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Панҷакент вохӯрӣ бо хонандагон доир гардид. Мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент доир ба ҳифзи муҳити зист, самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ, саҳми хонандагон дар беҳдошти муҳити атроф баромад карданд. Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи хонандагон музокира сурат гирифт.

Вохӯрӣ дар муассисаҳои таълимӣ

  Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии насли наврас, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и деҳаи Даҳана, ҷамоати Шайдон вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Мутахассисони бахш дар бораи санаи экологӣ -рӯзи байналмилалии кӯҳсор, ҳадафи эълон гардидани ин сана аз тарафи СММ, ҳамчунин вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои об, муомилот бо партовҳо, иштироки фаъолонаи хонандагон дар аксияҳои экологӣ баромад намуданд.

Ёрии методӣ дар самти ситонидани пардохтҳои экологӣ

   Бо мақсади расонидани ёрии методӣ дар самти ситонидани пардохтҳои ҳатмии экологӣ бо табиат истифодабарандагон мунтазам корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешавад. Дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо ба табиатистифодабарандагон моҳияти моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дарбораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 46-49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ бабуҷет» фаҳмонида дода шуд. Чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо табиат истифода барандагон аз ҷониби кормандони бахшҳои хифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят низ гузаронида шуда истодааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.