Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан

  Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои Раёсат бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳри Истаравшан шанбегии умумишаҳрӣ бо иштироки аҳолӣ, кормандони муассисаҳои таълимӣ, маориф ва дигар сохторҳо гузаронида шуд. Назди муассисаҳои давлатӣ, кучаву хиёбонҳо аз алафу партовҳои гуногун пурра тоза карда шуданд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Гулистон

    Ба истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободонӣ ва тозагии муҳити зист мунтазам идома дорад. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳои он бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, сокинон аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Кӯчаҳои протоколии шаҳр аз партовҳо пурра тоза карда шуда, дарахтони бисёрсола ба тартиб дароварда шуданд. Дар дигар шаҳраку ҷамоатҳо низ баргузории чунин шанбегиҳо идома доранд.

Аксияи «Тозагии роҳ» дар ноҳияи Б.Ғафуров

     Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои давлатии дар пешистода, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат, ҷиҳати тозаву обод намудани қадди роҳҳо бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров дар қадди роҳи минтақаи Рухак аксияи "Тозагии роҳ" ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур зиёда аз 100 нафар ҳашарчиён – сокинони ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳия ва ҷавонон иштирок доштанд, ки дар натиҷа қадди роҳҳои асосӣ аз алафхои бегона ва партовҳои гуногун тоза карда шуд.

Шанбегӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

 Дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсат ба истиқболи сазовори ҷашни миллии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста маъракаҳои дастаҷамъонаи ободкорию созандагӣ гузаронида шуда истодааст. Дар ин радиф имрӯз баҳри тозаву обод намудани гирду атрофи бино имруз дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки кормандон шанбегӣ доир гардид. Рафти шанбегӣ қадди роҳҳо аз алафҳои бегонаи ҳархела ва партовҳо тоза карда шуда, бо мақсади беҳтар намудани ҳолатиэкологӣ ва эстетикӣ дарахтони бисёрсола ба тартиб дароварда шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.