Пешгири аз паҳншавии короновируси нави COVID-19

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба пешниҳод намудани маълумот доир ба пешгири намудани паҳншавии короновируси нави COVID-19, тоза намудани маҳалли зист, сари вақт баровардани партовҳо, безараргардонии қуттиҳои партовҷамъкунӣ ва дигар корҳо мавриди баррасӣ қарор дод.

     Дар натиҷа аз тарафи муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдумаликзода Б. ва сардори Шуъба Дӯсматов А. дар КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Хуҷанд, КД “Истифодабарии манзил”-и соҳили рост ва КД “Истифодабарии манзил”-и соҳили чапи шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ гузаронида, корҳои ташвиқотӣ  доир ба пешгири намудани паҳншавии короновируси нави COVID-19, тоза намудани маҳалли зист, сари вақт баровардани партовҳо, безараргардонии қуттиҳои партовҷамъкунӣ ва дигар корҳо гузаронида шуд.

Тоза намудани соҳили дарёи Сир

 Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷўйборҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.01.2020, №10 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил - 2020», бо ташабуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бо дастгирии ҶДММ «Сирдарё» тоза намудани қисми соҳили чапи дарёи Сир оғоз гардид. Дар давоми ду рўз бо истифода аз техникаҳои махсус 100 метр масоҳати соҳили дарё аз алаф ва лойқа тоза карда шуд.

Корҳои безараргардонӣ дар самти муомилот бо партовҳо

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист, механизми баҳисобгирии партовҳо, ҷамъоварӣ, интиқол ва ҷойгиронии партовҳо аз нуқта ва қуттиҳои махсуси ҷамъоварии муваққатии партовҳо ҳамарўза назорати давлатӣ мебарад. Дар натиҷа бо пешбурди назорати давлатӣ партовҳо аз нуқтаҳои ҷамъоварӣ мунтазам тибқи реҷаи тасдиқгардида бо нақлиётҳои махсус ба партовгоҳ интиқол ва безарар гардонида шуда истодааст.  Ҷиҳати  пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи экологӣ, инчунин пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нуқтаҳо ва қуттиҳои махсуси ҷамъоварии муваққатии партовҳо бо маҳлули кимиёвии гипохлориди натрий тамиз гардонида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз чониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои раёсат тамизгардонии нақлиётҳои махсус пеш аз даромад ва баромад аз партовгоҳ дида шуд.

Чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар вилояти Суғд

Тибқи нақшаи пешбинигардида санаи 4.05.2020 ҷаласаи ситоди раёсат оид ба фаъолият дар 15-рўзаи дуюми манъи сайди моҳӣ дар давраи тухмгузории соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардор ва кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии раёсат, сармутахассисон оид ба кадр ва оид ба ҳуқуқи раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ба ситоди раёсат ҷалбгардида иштирок доштанд. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи раёсат оид ба рафти ичрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2020, №34 «Дар бораи амалигардонии чорабинии ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020» ва фармоиши сардори раёсат аз 31.03.2020, №18 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2020» дар моҳи апрели соли ҷорӣ шунида шуд. Баҳри иҷро ва татбиқи қонуну фармоишҳои дар боло зикргардида, бо рохбарии сардори раёсат ситод иборат аз 18 нафар таъсис ёфта, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо аз тарафи гурўҳҳои фаврӣ амалиётҳои назоратӣ роҳандозӣ гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.