Корҳои безараргардонӣ дар самти муомилот бо партовҳо

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист, механизми баҳисобгирии партовҳо, ҷамъоварӣ, интиқол ва ҷойгиронии партовҳо аз нуқта ва қуттиҳои махсуси ҷамъоварии муваққатии партовҳо ҳамарўза назорати давлатӣ мебарад. Дар натиҷа бо пешбурди назорати давлатӣ партовҳо аз нуқтаҳои ҷамъоварӣ мунтазам тибқи реҷаи тасдиқгардида бо нақлиётҳои махсус ба партовгоҳ интиқол ва безарар гардонида шуда истодааст.  Ҷиҳати  пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи экологӣ, инчунин пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нуқтаҳо ва қуттиҳои махсуси ҷамъоварии муваққатии партовҳо бо маҳлули кимиёвии гипохлориди натрий тамиз гардонида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз чониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои раёсат тамизгардонии нақлиётҳои махсус пеш аз даромад ва баромад аз партовгоҳ дида шуд.

Чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар вилояти Суғд

Тибқи нақшаи пешбинигардида санаи 4.05.2020 ҷаласаи ситоди раёсат оид ба фаъолият дар 15-рўзаи дуюми манъи сайди моҳӣ дар давраи тухмгузории соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардор ва кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии раёсат, сармутахассисон оид ба кадр ва оид ба ҳуқуқи раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ба ситоди раёсат ҷалбгардида иштирок доштанд. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи раёсат оид ба рафти ичрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2020, №34 «Дар бораи амалигардонии чорабинии ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020» ва фармоиши сардори раёсат аз 31.03.2020, №18 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2020» дар моҳи апрели соли ҷорӣ шунида шуд. Баҳри иҷро ва татбиқи қонуну фармоишҳои дар боло зикргардида, бо рохбарии сардори раёсат ситод иборат аз 18 нафар таъсис ёфта, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо аз тарафи гурўҳҳои фаврӣ амалиётҳои назоратӣ роҳандозӣ гардид.

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳиятиДаҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳоирушдидеҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳоимардумӣ» ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтаринмаводижурналистӣ дар мавзӯи «Сатҳи баланди маърифати экологӣ пояи рушди устувори давлат ва ҷомеа» озмун эълон менамояд.

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Истиқлол

    Дар асоси нақшаи корӣ ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 22 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ягон адад  воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатиро вайрон накардаанд, яъне партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО ва дуда) ба фазои атмосфера барзиёд партофта нашудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.