Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ҷ.Расулов

    Дар ҷамоати деҳоти Ғўлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов, дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба эълон гардидани «1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон» аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия беш аз 100 нафар сокинони ҷамоат ва омўзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Дар натиҷаи баргузории аксияи мазкур кўчаҳои марказии шаҳраки Меҳробод ва ҳамчунин 3 километр ҷўйбор аз партовҳо тоза гардид. Дар маҷмуъ, 11 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд. Чунин аксияи ҳар ҳафта дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳот низ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов гузаронида мешавад.

«Конститутсия – таҷассумгари истиқлолияти давлат ва соҳибихтиёрии миллат аст»

Санаи 4 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис бо иштироки мутахассисону кормандон доир гардид. Дар оғози маҷлис муовини сардори раёсат ба сухан баромада,  иброз намуд, ки дар зарфи 25 сол Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон ҳамчун таҷҷасумгари арзишҳои инсондўстиву сулҳпарварӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рушду тавсеаи кишварро таъмин намуда, раванди давлатдории миллиро таҳким бахшид. Боиси ифтихору сарфарозист, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва институтҳои ҳуқуқӣ яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Дигар баромадкунандагон низ оид ба арзиши баланди Қонуни асосии кишвар дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ вамиллӣ зоҳир гардидани он суханронӣ намуданд. Дар рафти маҷлис ҳамчунин гуфта шуд, ки дардавоми 25 соли қабули Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари рӯ ба сӯи тараққӣ ниҳода нишондода, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ баҳои баландро сазовор шуд.  Ҳар як моддаи он танҳо ба хотири беҳбудии шаҳрвандон равона шудааст.

Назорати давлатии фаъолияти хоҷагиҳои моҳидорон дар вилояти Суғд

    Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, санаҳои 29-31 октябри соли равон фаъолияти хоҷагиҳои моҳидорони ҶСК «Моҳипарварии Гулистон» ва ҶСК «Моҳии Тоҷик» таҳлил оид ба муайян намудани намуд, андоза, ва вазни моҳӣ ба ҳар як олоти сайд гузаронида шуд.Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт 16 адад санади назорати таҳлили сайди саноатии моҳӣ ва 8 адад санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуд. Дар маҷмуъ, дар моҳи октябри соли ҷорӣ нисбати моҳидорони ду хоҷагии мазкур 6 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 223 «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 40 адад санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон дар байни моҳидорон оид ба қоидаҳои амалкунандаи сайди саноатии моҳӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ амалӣ гардид.

Багузории аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» дар ноҳияи Б.Ғафуров

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ва намояндагони МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» дар МТМУ №1 ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳия аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем»-ро баргузор намуд. Дар аксияи мазкур беш аз 500 нафар омўзгорон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ризокорон бо либоси варзишӣ, ки дар он расми пирях бо навиштаҷот – номи аксия тасвир карда шудааст фаъолона иштирок намудаанд. Ҳамчунин, дар рафти аксия озмун байни хонандагони мактаб доир гардида, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист қадрдонӣ карда шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.