Амалиётҳои санҷишӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ

    Аз ҷониби нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд  бо мақсади ба танзим даровардани рафти  сайди саноатии моҳӣ дар обанбори «Баҳри тоҷик» дар ҶСК «Моҳипарвари Гулистон» ва «Моҳии точик» санҷиш  гузаронида шуд. Дар натиҷаи санҷиш санадҳои сайди саноатии моҳӣ 11 адад тартиб дода шуда, барои оянда ҳифзу самаранок истифодабарии захираҳои моҳии обанбори  Баҳри тоҷик тавсия ва пешниҳодҳо дода шуд.

Амалиёти навбатӣ дар самти олами наботот

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои протоколии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.07.2019сол «Оиди пурзур намудани назорати давлати дар самтхои хифзу истифодаи самараноки захирахои табии наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ ва баланд бардоштани нишондодҳои соҳавӣ», иҷроиши фармоиши сардори раёсат тахти №17 аз 04.03.2019 с. «Оиди гузаронидани  амалиётҳои  фаврии  шабонарузӣ»  мунтазам амалиёти назорати гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёти навбати дар шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом ҷамоати деҳоти Патар шаҳрванд Неъматов Ғ. боздошт карда шуд, ки  бе иҷозатномаи МДХҶ бо даравидани қамиш машғул шудааст.

Амалиёти “Ҳавои тоза”

Ба истиқболи 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар асоси нақшаи корӣ мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи  ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҳамҷоя бо кормандони  БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза» дар шоҳроҳи  Хуҷанд – Б.Ғафуров гузарониданд. Дар рафти амалиёт 67 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.  

Амалиёти назоратӣ дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Масчоҳ

    Дар натиҷаи амалиёти назоратӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ  дар дохили  захбури дохили махаллаи ҷамоати деҳоти Оббурдон худсарона шинонидани ниҳолҳо ошкор гардид, ки заҳбур ба партовгоҳ табдил ёфта буд. Дар натиҷаи доданиамрнома ва санад минтақаи мазкур аз партовҳо тоза карда шуда, ниҳолҳои дарахтон решакан карда шуданд. Минтақаи мазкур зери назорати доимии кормандони бахш қарор дошта, ҳангоми иҷро накардани пешниҳодҳои додашуда нисбати қонуншиканон тибқи талаботҳои қонунҳои амалкунанда чораҷўӣ карда мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.