Амалиётҳои назоратӣ дар н.Б.Ғафуров

     Бо мақсади иҷрои нақшаи корӣ аз тарафи кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар минтақаи Сомғори ноҳияи Б.Гафуров амалиёти фаврӣ гузаронида шуд. Ҳангоми амалиёти мазкур нисбати истиқоматкундаи ҷамоати деҳоти Исмоил, ҷамоати деҳоти Сомғар-и н.Б.Ғафуров барои  истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум бо моддаи 238 Кодекси ҳукуквайронкунии маьмурӣ протокол тартиб дода шуд. Маводи тартиб додашуда ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров барои андешидани чораҳои маъмурӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳашари дастаҷамъона дар ноҳияи Зафаробод

    Дар асоси нақша чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зисти н.Зафаробод, ба истиқболи 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод ҳашарҳои умуминоҳиявӣ гузаронида шуда истодааст. Рузи шанбеи ҳафтаи гузашта бо иштироки зиёда аз 560 нафар намояндагони корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ дар ҳудуди маҳаллаҳо, кучаю хиёбонҳо, назди корхонаву ташкилотҳо  ҳашари умуминоҳиявӣ гузаронида шуд. Рафти ҳашар  ҷуйборҳо ба масофаи  5920 м2, каналҳо – 2700 м, биною иншоотҳо ба масоҳати 450 м2 сафед карда шуда, инчунин ҷойҳои партовҷамъкунии муваққатӣ аз партовҳо тоза ва таъмир карда шуд. Ҳашари умуминоҳиявӣ даршаҳраку деҳотҳои ноҳия идома дорад.

Эълон

ЭЪЛОН

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

1.   Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳафои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – сеюм

2.     Сармутахассис оид ба кадри Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – панҷум

3. Сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – панҷум

4.     Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд – панҷум

5.     Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан – шашум

6. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – шашум

7. Мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом – ҳафтум

Семинари ноҳиявӣ дар мавзуи «Баррасии нақшаи идоракунии муҳити зист ва ҷиҳатҳои иҷтимоии он барои барқарорсозии чоҳҳои амудӣ дар ноҳияи Шаҳристон»

Санаи 30-31 июли соли равон дар толори идораи чамоати деҳоти И.Сомонии н.Шаҳристон бо иқдоми Ташкилоти ҷамъиятии «Накукор» семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар семинар намояндагони Ассотсиатсияхои истифодабарандагони об, хоҷагиҳои деҳқонӣ, раёсати  кумитаи холатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданӣ, бахши хифзи мухити зисти ноҳия, кишоварзӣ ва ҷамоатҳо иштирок доштанд.  Роҳбари лоиҳаи Ташкилоти ҷамъятии  «Накукор» Т.Носирова,  оид ба конун ва зерконунҳо оид ба хифзи мухити зист, истифода ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайдоиши партовҳои сахт хангоми гузаронидани корҳои таъмир ва баркарорсозии шабакаҳои обрасонӣ, усулҳои барҳамдиҳии онҳо ва экспертони лоиха оид ба интихоби речаи обери зироатхои кишоварзӣ ва тартиб додани накшаи истифодабарии об дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар мавзуҳо баромадҳо пешниҳод намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.