Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

    Баҳри иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якчоя бо мутахассисони  бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов дар ҷамоатҳои шаҳру деҳотҳои Меҳробод,  Деҳмой ва Ғулакандоз амалиётҳои назоратӣ гузарониданд. Дар рафти амалиёти мазкур ҷойгиронии партовҳои ғайрирасмӣ, ифлоскунии манбаъҳои обӣ  аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт ошкор гардида, нисбати  қонуншиканон – истиқоматкунандагони шаҳраку ҷамоатҳо 7 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Маводҳои тартиб додашуда барои баррасӣ ва чораҷуӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов  пешниҳод карда шуд.

Амалиётҳои назоратӣ дар минтақаҳои истироҳатии Охтангии н.Шаҳристон

Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон минтақаи истироҳатии Роҳи Оҳан, ки ба муассисаи хочагии ҷангали ноҳия тааллуқ дорад, ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо ошкор  карда шуд. Шахсони масъул бе мувофиқа бо мақомотҳои ҳифзи муҳити зист  ва маркази  назорати давлатии эпидемиологӣ худсарона партовҳои аз истироҳаткунандагон ҳосилшударо ба чуқуриҳои кофташуда ҷойгир карда, бобати  пешгирии оқибатҳои таъсири зараровар ба муҳити зист  чораҷуӣ  накарданд.  

 Нисбати шахсони масъул  санад ва протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои оғози парвандаи ҳукуквайронкунии маъмурӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти н.Шаҳристон пешниҳод карда шуд.  

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

    Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити зист, бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар микроноҳияҳои 32, 33, 34 маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-и  ш.Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия  кормандони муассисаҳои  таълими, сокинони махалла  ва соҳибкорон иштирок намуда, тақрибан 1,5 – 2 км роҳи пиёдагардон ва ҷуйборҳо аз партовҳо тоза карда шуда, 5,3 м3 партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Бахшида ба идҳои миллии дар пеш истода баргузории аксияи мазкур дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд низ ба нақша гирифта шудааст.

Ошкор гардидани фурӯши ғайриқонунии мор дар н.Деваштич

      Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ санаҳои  26 ва 27 и юли соли равон  дар шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Деваштич  аз ҷониби кормандони шуъбаи  назорати давлатии ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фурӯши ғайриқонунии мор (мори печони шарқи), ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст,  ҳангоми фуруши ғайриқонунӣ аз тарафи сокини ноҳияи Деваштич ошкор гардид. Нисбати қонуншикан Шарипов Отабек Олимович, ки сокини ноҳияи Деваштич, чамоати дехоти Яхтан, дехаи Хоча Тохир  мебошад, санад ва протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи замимаи №9 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №790 барои як сари он 6 ҳадди аққал яъне 330 сомонӣ барои 3 сар 990 сомонӣ зарар ҳисоб карда  шуд. Морҳои мусодиракардашуда  ба муҳити табиӣ сар дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.