Вохӯрӣ дар мактабҳои ш.Истиқлол

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 24 май дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 бо иштироки муаллимон, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои №№ 1, 2 ва 5-и ш.Истиқлол вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол оиди мақсадҳои асосии қабули Барнома ва татбиқи он, таърихи баргузории Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, саҳми насли наврас дар беҳдошти муҳити зист ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ баромад намуд. Хонандагон ва муаллимон ба саволҳои худ оиди мавзӯъҳои зикргардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва барои гузаронидани чунин вохӯрӣ  изҳори қаноатмандӣ  намуданд.

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, баҳри иҷроиши бандҳои талаботҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва санаҳои  18, 19, 23 майи соли равон дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом озмун аз рӯи номинатсияҳои «Реферати беҳтарин» ва  «Расми беҳтарин», ҳамчунин байни хонандагони синфҳои 9 КВН гузаронида шуд. Дар озмунҳои мазкур мактабҳои таҳсилоти ҳамагонаи №№ 1, 16 ва 33 ғолиб дониста, аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом бо диплом ва тӯҳфаҳои  хотиравӣ  қадрдонӣ  гардиданд.

Эълон

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

- Сардори Шӯъбаи назорати давлатии истифорда ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маоши мансаби 1093,50 сомонӣ ; (категорияи сеюм)

- Сармутахассиси Шӯъбаи экспертизаи экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд  маоши мансаби 814,50 сомонӣ; (категорияи панҷум)

- Мутахассиси Шӯъбаи экспертизаи экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маоши мансаби 522,00 сомонӣ; (категорияи ҳафтум)

Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи сеюм;

  таҳсилоти  олии  касбӣ,  ихтисоси  ба  мансаби ишғолшаванда  мувофиқ,  ки  иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

  малакаи  хуби  муошират  бо  аҳли  ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣ ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Рӯзи ахбори сиёсӣ зери унвони «Дар ҷавонӣ саъй кун»

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо иштироки  муовини сардори Раёсат ва кормандони Раёсат рӯзи ахбори  сиёсӣ  дар мавзӯи «Дар ҷавонӣ саъй кун» баргузор гардид.

Дар маҷлис сармутахассис оид ба сиёсати экологӣ баромад намуда, зикр кард, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят 50 фоизи кормандонро ҷавонон ташкил дода, сол аз сол ҷалби мутахассисони ҷавони лаёқатманд ба пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Хукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд. Зеро ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.  

Скачано с веб-сайта JooMix.org.