Конфронси илмӣ- амалии «Муҳити солими Замин барои фарди солим»

Ҳамасола 22 апрел ҳамчун санаи муҳими экологӣ - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар аксарияти давлатҳо қайд карда мешавад. Бахшида ба ин санаи экологӣ, ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, эълон гардидани «Соли 2016 – соли фарди солим» дар КВДК «Кохи матбуот» конфронси илмӣ-амалии «Муҳити солими Замин барои фарди солим» доир гардид. Дар конфронс муовини Раиси вилоят О.Хоҷазода, намояндагон аз сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва коллеҷи тиббии ш.Хуҷанд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори умум ҳузур доштанд.

Шанбегӣ дар партовгоҳи ш.Бӯстон

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.

Санаи 16 апрели соли равон дар партовгоҳи КДФ «Хоҷагии манзилию коммунали»-и шаҳри Бӯстон, ҷамоати деҳоти Ғозиён воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров  аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки  донишҷӯёни Донишгоҳи кӯҳии металлургии шаҳри Бӯстон, кормандони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят гузаронида шуд.

Вохӯрӣ бо донишҷӯён

Бахшида ба 15 апрел – Рӯзи донишҳои экологӣ, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии мутахассисони  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо донишҷӯён ва устодон доир гардид. Дар вохӯрӣ бобати тағъир ёфтани иқлим, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъсири рушди иқтисодиёт ба захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва мақсадҳои асосии қабул шудани онҳо баромадҳо шунида шуданд.

Аксияи «Ободонии маҳалли зист»

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, №178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.

Санаи 9 апрел  дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Шаҳристон, Деваштич, Бӯстон, Зафаробод, Панҷакент, Гулистон, Спитамен ва Ҷ.Расулов бо иштироки зиёда аз 20573  нафар кормандони  ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо, мактаббачагон аксияи мазкур доир гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.