Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма таҳти унвони «Истифодаи энергияҳои барқароршаванда – омили муҳими пешгирии тағйирёбии иқлим» озмун эълон менамояд.

Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, пешниҳод бояд намояд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти TimesNewRomanTj 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии маводҳо ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">ecolog.sogd@mail.ru  ирсол карда мешавад.

Ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2016

Санаи 5 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – мудири бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилоят Абдуллоев Ф. баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсат Нӯъмонзода Т. оғоз намуда, ҳозиринро бо  рӯзномаи маҷлис, ки ҷамъбасти фаъолият ва вазифаҳои минбаъда иборат буд, шинос намуд. Бо маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Раёсат бобати бурду бохти фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин ва маърифати экологӣ нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ натиҷаҳои хубро  муваффақ гардиданд.

Сайди моҳӣ манъ аст!

Тибқи фармоиши № 32 аз 1.04.2016  сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар асоси моддаҳои 6,9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» моддаҳои 8,32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» ва моддаҳои 4,17 «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои обанборҳои вилоят, шароити мусоид фароҳам овардан дар рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ аз санаи 5 апрел то 20 июни соли 2016 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ манъ карда шудааст.

 Телефони боварӣ: (83422) 6-59-81, 4-03-59

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

Озмун – намоишгоҳи маҳсулоти худсохт аз партови коркарди такрорӣ

Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф» (YGPE), ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни  илмӣ-техникӣ» ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, санаи 28.03.2016 дар муассисаи таълимии № 5-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров озмун-намоишгоҳи маҳсулоти худсохт аз партови коркарди такрорӣ доир гардид. Дар он зиёда аз 200 нафар хонандагони 8 мактабҳои таҳсилоти умумии ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ-Калъачаи ноҳия  иштирок намуда, беш аз 250 намуди корҳо пешниҳод гардид. Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён ғайр аз пешниҳоди  маҳсулотҳои худсохт, ҳамчунин намоишҳои гуногуни шавқовар, саҳначаҳо дар мавзӯҳои гуногуни иҷтимоӣ баромадҳо намуданд. Бояд қайд намуд, ки баъзе аз мактабҳо оиди муаммоҳои экологии минтақаҳои ҷои зисташон призентатсияҳо пешкаш намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.