Декабрь 2016

23 Декабрь 2016

Нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чанде қабл нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби олимону мутахассисони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати давлатӣ буда, барои кормандони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисони соҳаҳои ботаника ва зоология, омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва оммаи васеи хонандагону дӯстдорони табиат тавсия мешавад. Захираҳои биологии Тоҷикистон бой ва рангинанд. Тибқи маълумотҳои илмӣ фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4 500 намуди растаниҳои гулдорро дарбар мегиранд. Дар экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст. Ҳаёт ва рӯзгори беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи боигариҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захирахои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некӯаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар даҳсолаҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ сиёсати дурандешона ва мақсаднок амалӣ мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани огоҳии мардум ва такмил додани заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи мухити зист корҳои зиёд ҷараён доранд. Ҳамкории ташкилоти ҷамъиятии экологӣ бо муассисаҳои давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист густариш меёбад. Китоби сурх ҳуҷҷати илмиест, ки фаъолияти хоҷагии инсонро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба танзим медарорад. Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин китоб дохил шудаанд, ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд. Ба нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ дохил гардида буд. Нашри аввали «Китоби сурх»-и Тоҷикистон тӯли қариб 30 соли охир дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуд растанӣ ва 222 намуд ҳайвоноте, ки зери тахдиди маҳвшавӣ қарор доранд, дохил шудаанд.

Мақсади асосии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) арзёбӣ намудани ҳолати ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардида ё ба ҳадди нестӣ расида, ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Умед аст, ки нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу таҷдиди захираҳои нодири набототу ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии кишвар нақши муҳим мебозад.

 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода

Читать далее

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тамошои дастҷамъонаи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии қонунгузории кишвар ва мардуми ҷумҳурӣ дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ташкил карда шуд ва он аз ҷониби кормандони Раёсат хуб пазироӣ гардид. Дар Паёми Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ ыарор гирифтанд. Боиси зикр аст, ки дар тӯли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз ташаббуси навбатии муҳим қабул гардид ва аз ҷониби СММ Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" эълон гардид.

Читать далее

12 Декабрь 2016

Амалиёти “Ҳифзи ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ” дар вилояти Суғд

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногуни биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла бахши шаҳри Панҷакент дар минтақаҳои парваришгоҳи Зарафшон ва Колхозчӣ корҳои биотехникиро гузарониданд. Дар мавзеъҳои сукунати ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ дар минтақаҳои мазкур ба миқдори 300 кг гандум, 450 кг ҷав, 950 кг сабӯс, 536 кг оқшоқ, 1000 банд юнучка, 52 баста каҳ паҳн карда шуд. Рафти амалиёти мазкур тариқи телевизион, радио ва рӯзномаи маҳаллӣ  инъикоси худро ёфт. 

     Гузаронидани амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ» аз тарафи Раёсат ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру  ноҳияҳо дар ҳолати сард омадани ҳаво дар назар аст.

Читать далее

01 Декабрь 2016

Баргузории ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ

Санаи 25 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сарпарасти соҳа – раисони комиссияи байниидоравии маҳаллӣ, сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зист ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа як масъала - оид ба рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардидааст, баррасӣ карда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.