Ноябрь 2020

03 Ноябрь 2020

Аксияи «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

 Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби оммаи васеъ дар шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар аксия кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва аҳолӣ, беморхонаҳои касалиҳои дил ва физиотерапевтии Ҷумҳуриявӣ, кӯдакистони Президентӣ, Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд, КВДК «СО ва ХМК» ва сокинони кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбон» ҳамагӣ 460 нафар иштирок намуданд. Рафти аксия обутобгоҳҳои соҳили чап ва рости шаҳри Хуҷанд, худуди маҳаллаҳо, қади роҳҳои мошингард, ҷуйборҳо, соҳилҳои дарё аз ҳама гуна партов, алафҳои бегона ва қамишҳо тоза карда шуда, партови ҳосилшуда аз тарафи КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ» ба партовгоҳи умумишаҳрӣ бароварда шуд.

Читать далее

Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Айнӣ

 Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз ҷониби нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар километри 93 – 95 шоҳроҳи Душанбе – Айнӣ ҷойгир намудани ғайрирасмии партовҳо наздик ба соҳили Фондарё ошкор карда шуд. Дар натиҷаи корбарӣ муайян гардид, ки партовҳоро сокини ноҳия Азизов Ҷовидон ба ҷойи ғайрирасмӣ партофтааст, ки ба нуқтаи таъмири чархҳои нақлиёти ў наздик мебошад. Барои вайрон кардани талаботи қонун нисбати шаҳрванди мазкур бо моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд ва ҷазои ҷаримабандӣ амалӣ мегардад. Ҳамзамон, мувофиқи пешниҳод кормандони ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ партовҳои шафати шоҳроҳро тоза кардаанд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.