Ноябрь 2020

20 Ноябрь 2020

Чорабинии соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Конибодом

     Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологии заминҳои кишоварзӣ, дар назди соҳили обанбори Қайроққум, воқеъ дар шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Э.Шарифов, деҳаи Маҳрам бо ҷалби техникаҳо чорабинии соҳилмустаҳкамкунӣ оғоз гардид. Ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур ҳифзи заминҳои кишоварзӣ мебошад, зеро ҳамасола дар фасли зимистон зиёдшавии оби обанбор ба назар мерасад.Ба нақша гирифта шудааст, ки дар масофаи 150 метр дар ду тарафи соҳили обанбор низ чорабинии соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар сойи Хоҷабоқирғони ноҳияи Б.Ғафуров

 Бо икдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо дастгирии Ташкилоти байналхалқии«Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ» (giz) ҷиҳати  беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, дар сойи Хоҷа Боқирғони ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди ҷамоатҳои Овчикалъача, Ғозиён ва Ёва бо иштироки 420 нафар аҳолии ҷамоатҳо аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Иштирокчиёни аксия аз ҷониби Ташкилоти байналхалқӣ бо дастпӯшак ва халта барои партовҷамъкунӣ таъмин карда шуданд. Рафти аксия сой аз партовҳои ҳархела, алафҳои худрӯйи хушкшуда тоза карда шуда, партов ба миқдори 21 м3  ба партовгоҳи расмии ноҳия бароварда шуд.

Читать далее

18 Ноябрь 2020

Амалиёти фаврӣ баҳри ҳифзи захираҳои моҳӣ дар Сирдарё

   Бо мақсади ҳифзи захираҳои моҳӣ нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дардарёи Сир амалиёти фаврӣ гузарониданд. Дар рафти амалиёт дар мавзеи Қӯштегирмони ноҳияи Спитамен ду нафар қӯруқшикан ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ боздошт гардиданд. Сокинони деҳаи Сарбанди ноҳияи Спитамен Ҳайдаров Р. ва Бекназаров И. дар дарёи Сир бо тӯри хитоӣ ғайриқонунӣ моҳиро сайд мекарданд ва нисбати онҳо бо моддаи 208, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб ёфта, ба суди ноҳия супорида шуд. Ҳамзамон 40 метр тӯр мусодира гардид.

Читать далее

17 Ноябрь 2020

Оғози мавсими ниҳолшинонӣ дар шаҳри Исфара

 Дар шаҳри Исфара мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шурӯъ гардид. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара маъракаи мазкур бо иштироки кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кормандони ҶДММ «Заводи сементбарории шаҳри Исфара» оғоз гардида, дар хиёбони марказӣ ва дигар кӯчаҳои марказии шаҳр беш аз 200 бех ниҳоли дарахтони ороишии каталпа шинонида шуд. Ин мавсим тибқи нақшаи пешбинигардида дар ҳудуди шаҳри Исфара беш аз 4423 бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 100 ҳазор адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 2000 гули лола шинонида мешавад.

Читать далее

16 Ноябрь 2020

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

 Дар  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дотсенти факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Бобоева Зеварой маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори Раёсат Ҳакимзода А.Қ. бо сухани ифтитоҳӣ маҷлисро оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ёдоварӣ  намуд.

Читать далее

09 Ноябрь 2020

Сафари кории Раиси Кумита ба вилояти Суғд

 Санаҳои 4 ва 5 ноябри соли равон ҳангоми сафари корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. аз як қатор иншоотҳои муҳими раёсат дидан намуданд.  Дар шаҳри Истаравшан, бо рафти сохтмони бинои нави маъмурии бахш, ки ҷашнӣ мебошад ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад шинос гардида, ҷиҳати босифат ва саривақт иҷро намудани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

    Ҳамзамон, ба Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»-и раёсат ташриф оварда, бо иншоот, хусусан парвариши мурғи даштии тазарв ва ҳавзи моҳипарварӣ шинос шуданд. Дар ин ҷо низ барои минбаъд парвариши сунъии парандаи тазарв, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ва паҳн кардани онҳо ба ҷойҳои сукунати табиию шикоргоҳ, ҳамчунин парвариши моҳиҳои растанихўр ва паҳн намудани онҳо ба дарёи Сир дастур дода шуд.  Дар рафти шиносоӣ дар ҷазира бо иштироки Раиси Кумита ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

Читать далее

05 Ноябрь 2020

Натиҷагирӣ аз фаъолияти 10 моҳаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

 Дар маркази бозомӯзии раёсат дар шаҳри Гулистон санаи 5 ноябри соли равон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. маҷлис баргузор гардид. Дар он аъзоёни гурӯҳи кории Кумита, сардорони шуъбаҳо ва мутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Бо сухани ифтитоҳи Раиси Кумита кормандони мақомотро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба ин дастоварди бузурги даврони Истиқлолият, дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ибрози ақида намуд. Дар рафти маҷлис  натиҷаҳои фаъолияти раёсат ва зерсохторҳои он тибқи санҷиши комплексии гурӯҳи корӣ баррасӣ гардид. Маълумоти роҳбари гурӯҳи корӣ ва сардорони шуъбаҳои назоратии Кумита шунида шуд.

Читать далее

Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат

 Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлиси назди муовини сардори раёсат барои кормандону мутахассисони ҷавони мақомот баромад ташкил гардид. Зимни баромад қайд карда шуд, ки пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 13-и Конститутсия омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ истиснои давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Тибқи моддаи 44 Конститутсияи ҶТ «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст». Дар рафти маҷлис  байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, бобати ин дастоварди бузурги даврони Истиқлолият, дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон иброз гардид.

Читать далее

04 Ноябрь 2020

Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо самимияти афзун Шумоёнро бо фарорасии ин санаи муборак, яке аз шарти асоситарини давлатдории мустақил, шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи обод ва нерўи таконбахши ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегуям. Аҳамияти таърихӣ ва бузурги қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар он зоҳир мегардад, ки тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлатро дар ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимоӣ ва дорои низоми демократӣ муаррифӣ намуд. 

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад».

Читать далее

03 Ноябрь 2020

Ҷамъбасти озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин»

  Бо мақсади рушди тарбия ва маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, барои фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар сатҳи омӯзиши табиати диёр, дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар «Қасри фарҳанг»-и ноҳияи Масчоҳ озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Озмун аз рӯи се бахш – «Намоишгоҳ аз маводҳои табиӣ», «Саволу ҷавоб» ва «Ҳимояи рисолаву реферат» баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастӣ ҷои якумро гурӯҳҳои даставии шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюмро дастаи Исфара ва ҷои сеюмро дастаи ноҳияи Б.Ғафуров сазовор гардиданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.