Семинари бозомӯзӣ

Тибқи нақшаи корӣ 15 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсат семинари бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд. Қайд кардан зарур аст, ки соли равон Раёсат маҳз барои баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин барои баланд бардоштани маърифати экологӣ фаъолияташро равона карда, ҳангоми зарурият, мунтазам ҳар моҳ оид ба масъалаҳои мубрами соҳа, самтҳо ва корбарӣ чунин семинарҳоро баргузор менамояд. Дар семинари мазкур доир ба масъалаҳои муҳим - тарз ва ҳолатҳои тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оиди корбарӣ бо ҷадвалҳои нави ҳисоботсупорӣ, тартиби супоридани ҳисоботи моҳона, моҳияти Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда шунида шуд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Семинарҳои бозомӯзӣ барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳа, хоса мутахассисони ҷавон судманд буда, дар рафти он онҳо ба саволҳои хеш аз ҷониби мутахассисони варзида ва кормандони собиқадор ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.