Баргузории конфоронси илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Об муқаддасоти олами ҳастӣ»

Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018 - 2028», баҳри татбики талаботҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон дар давраи то соли 2020, дар  муассисаи таълимии миёнаи умумии № 6 ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Об муқаддасоти олами ҳастӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳр, кормандони воситаҳои ахбори омма, хонандагон ва устодони мактаби мазкур иштирок доштанд.

  Дар рафти конфоронс хонандагони мактаб ҷонибдории худро аз Паёми Пешвои миллат, эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иброз доштанд. Хонандагон дар мавзуъҳои ҳифзи сарватҳои табиӣ, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи об баромадҳои пурмазмун намуданд. Дар қисмати адабии конфронс иҷрои шеъру сурудҳо дар васфи Ватан, табиати зебову нотакрор ва ҳифзи он хотири иштирокдоронро боз ҳам шод гардонид.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии хонандагон, ҳамчунин бедор намудани ҳисси ватандустӣ, ҳифз ва истифодаи сарфакоронаи неъматҳои нотакрори табиати диёр мусоидат менамояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.