Чорабиниҳои ҳифзкунандаи моҳӣ идома дорад.

Бо мақсади амалӣ намудани фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят «Оид ба гузаронидани ҳифзи  захираҳои моҳӣ», нозирони шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти навбатӣ ба болооби обанбори Баҳри Тоҷик, ки маҳалли асосии тухмигузории моҳиҳои арзишнок мебошад, рейди навбатӣ гузарониданд. Муайян гардид, ки  новобаста аз давраи манъи сайди моҳӣ, баъзе шаҳрвандон ба қуруқшиканӣ роҳ дода, дар ин маҳал аз аслиҳаҳои манъшуда ба монанди тӯрҳои моҳигирӣ мегузоранд. Бо ин рафтори худ, қуруқшиканҳо ба захираи моҳиҳо зарари беҳамто мерасонанд. Моҳиҳои аз қуруқшиканҳо мусодирашударо барои ташхиси  ихтиологӣ қарор дода, мутахассисон муайян  намуданд, ки айни ҳол намуди моҳиҳо арзишноки обанбори Баҳри Тоҷик як қисми тухми худро гузоштаанд.

Аз ин рӯ, ҳифз намудани макони асосии тухмгузории моҳиҳои арзишноки обанбори тоҷик аз қуруқшиканҳо вазифаи муқаддаси натанҳо нозирони давлатии Раёсат, балки  қарзи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.