Вохўрӣ дар Гимназияи “Кавсар”

   Баланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист маҳсуб ёфта, амалишавии иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»  дар муассисаҳои таълимӣ мунтазам идома дорад. Бо ин мақсад санаи 1 майи соли равон дар муассисаи таълимии ғайридавлатии гимназияи «Кавсар»–и ш.Хуҷанд вохўрии намояндаи Раёсат бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии директори гимназия намояндаи Раёсат оид ба мақсад ва вазифаҳои қабул гардидани Барномаи мазкур, махсусандарҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ дар амалӣ гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва дигар масъалаҳои вобаста ба тарбияи экологӣ маълумоти мухтасар дод.

     Ҳамзамон бо мақсадибархурдоршудан ва омўхтани ҷабҳаҳои гуногуни оламинабототуҳайвоноти нодири кишварамон ба муассисаи мазкур ду ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдимкардашуд. Дар интиҳои чорабинӣ директори гимназия доир намудани чунин вохӯриро саривақтӣ арзёбӣ намуда, арзи сипос ва миннатдории ҷомеаи омўзгоронро баён намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.