Таҷлили бошукӯҳи 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар назди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945  дар минтақаи бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 60 нафар иштирокчиёни ҶБВ ва  намояндагони хамаи сохторхои давлати 73-юмин  солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба бо тантана таҷлил карда шуд. Мардуми Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиа бори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири посдоштани диловари вушуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд.

Имрӯз 9 май Иди Ғалаба, ки рамзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, рушноӣ бар торикӣ ва хайр бар шараст, фарорасид. Дар ин рӯз мо аз корнамоиҳои аҷдодони қаҳрамони хеш, ки бо матонату диловарӣ сарзамини худро аз душман ҳифз намуда, барои наслҳои оянда зиндагии озодонаро муҳайё намуданд, бо некиву сипосгузорӣ ёдовардем.

 Дўстони азиз! Табрикоти моро ба муносибати яке аз идҳои бузурги ҳаётамон иди Ғалаба қабул намоед! Мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанг сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳемдошт, ки ба туфайли чигуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем. Ба ҳама сулҳу салоҳ, тани сиҳат ва тамоми хушиҳои зиндагиро хоҳонем!

        Иди пирўзӣ Рўзи Ғалаба муборак!

Скачано с веб-сайта JooMix.org.