Вохўрӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист

Дар доираи нақшаичорабиниҳо бахшида ба 5 июн - Рўзи умумиҷаҳониимуҳитизистдарДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохўрии намояндаи Раёсат бо омўзгорон ва донишҷўёни факултаи «Бизнес ва идоракунӣ» дар мавзӯҳои «Захираҳоиоби Тоҷикистонвасамаранокистифодаион», Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ муовини декан оид ба илм, н.и.к. ХўҷаназароваМ. вадотсентикафедраи маркетинг -агробизнес, н.и.к. Азимов А. баромад намуда, бобати зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон изҳориақиданамуданд. АзтарафинамояндаиРаёсатоидба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологии вилоят, махсусан дар самти ҳифзизахираҳоиоб баромадҳо пешкаши  иштирокчиён гардид. Ҳамчунин донишҷӯён ва омӯзгорон оид ба ҳолати оби дарёи Сир, иншоотҳоипартовобтозакунӣ ва таъсири он ба саломатии инсон, муаммоҳои экологии ҷойдоштаи минтақаҳо изҳори ақида намуданд.

       Ҳамзамон, ба ғолибони озмуне, ки қаблан дар конференсияи бахшида ба «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буд, барои мақолаҳои илмии беҳтарин ифтихорномаҳо супорида шуд. Дар охири чорабинӣ ба ДонишгоҳимазкурКитобиСурхиҶумҳурии Тоҷикистон дар 2 ҷилд тақдим карда шуд. Дар навбати худ аз тарафи Донишгоҳ ба Раёсат маҷалаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ», № 1,2,3,4 соли 2017 барои пайдо намудани маълумот пешкаш гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.