Вохўрӣ бо омўзгорону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии ҷавонон, санаи 20.11.2018 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо омўзгорону донишҷўён баргузор гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба ҳафтаи кафедраи маркетинг – агробизнеси факултети бизнес ва идоракунӣ, дар доираи конфронси илмию амалӣ дар мавзўи «Роғун фардои нурбори Ватан» амалӣ карда шуд. Ҳамзамон, дар кори конфронс олимону устодони факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ширкат варзида, дар бораи НБО-и «Роғун» муфассал  маълумот доданд.

 Дар навбати худ, аз тарафи намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зист ҳангоми баромад дар бораи нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои асосии экологӣ дар вилояти Суғд, маърифати экологӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист сухан карда шуд.

     Дар интиҳо омўзгорону донишҷўёни факултети бизнес ва идоракунӣ оид ба минбаъд баргузор намудани вохўрӣ бо намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар мавзўи «Иқтисоди сабз» изҳори ақида  намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.