Соати сиёсӣ “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам”

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам”доир гардид.

Аз тарафи  сармутахассиси Раёсат қайд  карда шуд, ки  дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як  санаи  таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр аст бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.

     Сипас дигар кормандони Раёсат  ба сухан баромада, зикр намуданд, ки Парчами миллӣ нахуст нишони муқаддаси ҳар як кишвару халқ аст, он симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Нақши Парчам дар таърихи ҳар як давлат ба таври хоса арҷгузорӣ кардашуда, маҳззери Парчами худкишварҳо ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, бурдбориҳову пешравиҳои худро муаррифӣ менамоянд. Таърих гувоҳионаст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери Парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзуву мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд. Боиси ифтихору сарфарозии мост, ки Парчами миллии тоҷикон таърихи чандинҳазорсола дорад. Парчами миллӣ сари баланди мо, ифтихори мо, шарафи мост. Бигузор то абад Парчами давлатӣ парфишон бошаду ҳамаи мо зери он ба суи дастоварду муваффақиятҳои беназир баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон равона бошем.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.