Шоҳин – парандаи соли 2019

Шоҳин яке аз парандагони нодири соҳибчангол ба ҳисоб меравад, ки дар гузашта ашрофзодагон ҳамчун парандаи шикорӣ истифода мебурданд ва сабаби шоҳин ном гирифтани он низ дар ҳамин аст. Он дар минтақаҳои биёбонии  Осиёи Марказӣ, Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Африкаи Шимолӣ паҳн гардидааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон дар қаторкуҳҳои  Туркистон, Зарафшон, доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳисор, нишебиҳои қаторкуҳҳои Боботоғ, Оқтоғ, Қаротегин, Ҳазратишоҳ ва Дарвоз вомехӯрад.

Муҳити хоси сукунати шоҳинҳо нишебиҳои харсангдор, шахҳо, ҷариҳои гилдори кӯҳӣ ба ҳисоб мераванд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ шоҳин дар баландиҳои 1800 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад. Дар фасли зимистон он ба водии дарёҳо кӯчида,  баъзан дар атрофи маҳаллаҳои аҳолинишин маскан ихтиёр мекунанд.

Дар Тоҷикистон шоҳин парандаи муқимӣ буда, вобаста ба мавсими сол кӯчиш зоҳир менамояд. Шоҳин парандаест, ки ҷуфти доимӣ ташкил мекунад ва барои афзоиш як лонаро  солҳои зиёд истифода мебарад. Афзоиши ин паранда моҳи март оғоз мегардад. Ҷинси модина 4-5 тухм мегузорад. Дар чӯҷабарорӣ танҳо ҷинси модина иштирок менамояд. Баъд аз 28-29 рӯзи тухмгузорӣ  чӯҷаҳо мебароянд.

Туъмаи  асосии шоҳин парандаҳост, чун кабӯтар, мусича, мурғобӣ, майна ва дигар парандагони андозаашон хурду миёна ва хояндагони мушмонандро ғизо мегирад.

Саршумори  умумии шоҳинҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-13 ҷуфт беш нест. Омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори он ғайриқонуни доштани ин паранда ва  чӯҷаҳои он бо мақсади  тиҷорат ва ноҳинҷор гардонидани ҷуфтҳои лонагузор ба ҳисоб мераванд.

     Шоҳин ҳам чун паррандаи нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта, ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он бар зидди қуруқшиканӣ мубориза бурда, ғайриқонунӣ доштани онро дар табиат ҷилавгирӣ намудан зарур аст. Ҷойҳои лонагузории шоҳин бояд таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор гиранд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.