Амалиёти ҳифзи ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон кормандони шуъбаи хифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бахши ҳифзи муҳити зисти н.Шаҳристон ва кормандони муассисаи хоҷагии ҷангали ноҳия дар минтақаи “Дараи сабз”-и н.Шахристон корҳои биотехникиро гузарониданд. Дар мавзеъҳои сукунати ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ дар минтақаҳои мазкур маводи хӯрока:  гандум, ҷав, сабӯс, хошоки дағал, картошка ва намак  паҳн карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар минтақаи мазкур ҳайвонҳои ваҳшӣ ба монанди хирс, гург, хуки ёбоӣ, рӯбоҳ, кабк, мурғи ҳилол, дигар паррандагони ваҳшӣ ва суғур сукунат доранд.   

    Гузаронидани амалиёти ҳифзи ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ аз тарафи Раёсат ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру  ноҳияҳо дар ҳолати сард омадани ҳаво дар дигар минтақаҳо низ дар назар аст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.