«Наврасонро дар рӯҳияи табиатдӯстӣ тарбия намоем»

Дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Дар истироҳатгоҳи тобистонаи бачагонаи “Вохӯрӣ”-и н.Б.Ғафуровкормандони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров бо истироҳаткунандагон – наврасон ва мураббиёни онҳо, ки ҳамаги зиёда аз 100 нафарро ташкил доданд,  вохӯрӣ ташкил намуданд.

    Кормандони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров ба   наврасон дар бораи нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ, иштироки наврасон дар чорабиниҳои экологӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист сухан  намуданд.  

    Дар навбати худ роҳбари истироҳатгоҳ Турдиев М. барои  ташкили чунин вохӯрии судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, доир намудани чунин вохӯриҳоро сари вақтӣ арзёбӣ намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.