Баррасии масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар вохурӣ бо омӯзгорони ноҳияи Спитамен

Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани  бандҳои нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ санаи 17 июли соли равон дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳия вохӯрӣ  гузаронида шуд. Дар он намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Саидов Х., мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен Гулов А., мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен Мамадализода Б., омӯзгорони фанни экология, биология ва география  дар маҷмуъ  40 нафар  иштирок доштанд. Дар рафти вохӯрӣ оид ба роҳҳои амалисозии барномаи мазкур, Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028, муаммоҳои дохилию ҷаҳонии оби тозаи нӯшокӣ, чораҷӯиҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми вайронкунии талаботи қонунҳои соҳавӣ, дар бораи пешниҳоди раёсат тибқи таклифи омузгорони ноҳия  оид ба зиёд намудани соати дарсии фанни экология ва дигар масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани донишу маърифати экологӣ суханронӣ карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ бо омӯзгорон саволу ҷавоб ба амал омада, ба иштирокчиён таклиф оид ба ташкили мураббӣ - эколог дар боғчаҳои бачагона дар доираи татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" пешниҳод гардид.

    Дар интиҳои вохӯрӣ аз тарафи намояндаи Раёсат ба шуъбаи маорифи ноҳия ду ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода дар дарсҳои фанни экология ва биология тақдим  гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.