Санҷиши рафти иҷрои татбиқи Барнома дар шаҳри Конибодом

Дар асоси нақшаи кории раёсат барои нимсолаи дуюм ва нақшаи кории МИҲД вилоят барои моҳи октябри соли равон санаи 16.10.2019 санҷиши рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва ҳамзамон рафти ичрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста гардида, гузаронида шуд. Маводи дахлдор дар сохторҳои МИҲД шаҳр, аз ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, раёсати маориф, бахши ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, комиссияи оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак, рўзномаи маҳаллии «Садои Конибодом», ширкатҳои телевизионии «Аниси Конибодом» ва «ТВ-5», ҷамоати деҳоти  Ғ.Ортиқов, Патар ва Э.Шарипов дар ҳузури роҳбарон ё шахсони мутасаддӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.

     Бояд қайд намуд, ки корбарӣ дар сохторҳои иҷрокунандагони нақшаи чорабиниҳои барнома, ҳамчунин фаъолияти комиссияи байниидоравии маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо, дар баъзе самтҳо ва хусусан дар корбарии ҷамоати деҳот нисбати масъалаи мазкур камбудиҳо ҷой доранд. Дар соли 2019 як маротиба ҷаласаи комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид ба маърифати экологӣ гузаронида шуда (протокол аз 12.07.2019), аз тарафи муовини якуми раиси шаҳр Ёдгорӣ Ф. – раиси комиссияи мазкур нисбати аъзоён ва масъулин вазифагузорӣ карда шудааст. Инчунин, дар рафти санҷиш ба роҳбарон ва намояндагони ҳамаи сохторҳо барои минбаъд пешниҳоди маълумоти банд ба банд бо нишон додани маблағҳои сарфгардида ва сарчашмаи маблағгузорӣ таъкид карда шуд. Оид ба гузаронидани санҷиш ба унвони муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ Каримзода Р.Р. гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.