Вохўрӣ бо маорифчиёни шаҳри Конибодом

Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Ҳабибахон Каримоваи  шаҳри Конибодом вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷўмла омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии шаҳр, инчунин хонандагони синфҳои болои мактаби мазкур баргузор гардид. Дар он намояндагони Раёсати маорифи шаҳр ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом иштирок доштанд. Дар рафти вохўрӣ маълумот оид ба Барнома ва соҳаи ҳифзи муҳити зист, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, наврасону ҷавонон, дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Точикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ пешкаши иштирокчиён гардид.

      Ҳамчунин, баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар бораи сайёҳон ибрози ақида карда шуд. Дар интиҳо ба китобхонаи Раёсати маорифи шаҳри Конибодом 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводҳои экологӣ аз чониби намояндаи раёсат тақдим гардид. Дар баробари ин, ба маорифчиёни шаҳр барои обунашавӣ ба нашрияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рўзномаи «Инсон ва табиат» ва маҷаллаи «Ҳифзи табиат» тавсия дода шуд. Боиси қайд аст, ки маводи иттилоотӣ дар бораи вохўрии мазкур тариқи рўзномаи «Садои Конибодом» ва ширкати телевизионии «ТВ-5» инъикос карда мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.